Ссылки доступа

Қирғизистон мудирияти берунӣ дар Қумторро тамдид мекунад


Муҳлати мудирияти берунӣ дар кори ширкати "Қумтор Голд Компанӣ", ки бо истихроҷи калонтарин кони тилои Қирғизистон -- "Қумтор" машғул аст, тамдид мешавад. Дар ин бора мудири берунии ширкат Тенгиз Болтурук хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, девони вазирони Қирғизистон пешниҳод кардааст, ки мудирияти берунӣ дар ширкат тамдид шавад. Раиси Бунёди идораи амволи давлатии он кишвар Мирлан Бакиров гуфт, ки пешниҳоди девони вазирон қабул карда мешавад.

Порлумони Қирғизистон 17 майи имсол баъди шунидани ҳисоботи комиссияи давлатӣ дар бораи санҷиши фаъолияти "Қумтор Голд Компанӣ" ба девони вазирон дастур дод, ки дар кори ширкат муваққатан мудирияти берунӣ ҷорӣ кунад. Дар порлумон гуфта шуд, ки мудирияти берунӣ барои се моҳ ҷорӣ мешавад ва дар сурати зарурат тамдид хоҳад шуд.

​Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад. Ҳукумати Қазоқистон иддао дорад, ки ширкати мазкур иҷозатномаи коркарди конро ғайриқонунӣ ба даст овардааст ва ҳоло талош дорад, ки онро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG