Ссылки доступа

Тоҷикистону Чин шеваҳои муқобила бо терроризмро "дар шароити кӯҳсор" тамрин мекунанд


Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки якҷо бо намояндагони Чин "мубориза ба зидди терроризмро дар шароити кӯҳсор" тамрин мекунанд. Машқи якҷоя 17-уми август дар дараи Ромит, наздикии Душанбе, оғоз шуда, қарор аст, то 20-уми август идома кунад.

Аз тарафи Тоҷикистн сохторҳои вижаи Вазорати умури дохилӣ ва аз ҷониби Чин намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии он кишвар ҳузур доранд.

Тамрини якҷоя пас аз мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода, бо намояндагони Вазорати бехатарии ҷамъиятии Чин зери роҳбарии Лю Юнфэн баргузор мешавад.

Дар ин мулоқот рӯзи 16-уми август "масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, мубодилаи таҷриба, иттилоот ва омода намудани кадрҳои баландихтисос" баррасӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир Душанбе бо Пекин ҳам дар қолаби равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва эътилофи зиддитеррористии Чин-Тоҷикистон-Покистон-Афғонистон ҳамкорӣ дорад.

Дар моҳи ноябри 2019 бо пуштибонии молии Чин дар Душанбе Маркази мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷудоихоҳӣ эҷод шуд. Дар солҳои 2016 ва 2019 низомиёни Тоҷикистону Чин дар қаламрави ВМКБ тамринҳои муштарак гузарониданд.

Дар гузашта Чин борҳо дар бахши амнияти Тоҷикистон ҳам сармоягузорӣ кардааст. Ин кишвар бо ҳадафи тақвияти марзи Тоҷикистону Афғонистон 4 постгоҳи марзӣ ва як маркази омӯзишӣ сохт.

Тоҷикистону Чин ҳамсояи девор ба деворанд ва Пекин дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони асосӣ ба иқтисоди кишвар ба шумор меравад. Тақрибан ниме аз қарзҳои берунии Тоҷикистон ба Чин рост меояд. Бисёриҳо аз наздикӣ бо ин кишвари сернуфуси ҷаҳон ҳарос доранд, аммо мақомоти Тоҷикистон ҳамвора гуфтаанд, ки ҷое барои нигаронӣ нест.

XS
SM
MD
LG