Ссылки доступа

Дар Қирғизистон гурезаҳои афғон бо талаби мақоми расмии паноҳандагӣ тазоҳурот мекунанд


Гурезаҳои Афғонистон, ки дар Қирғизистон қарор доранд, 17 август дар назди бинои намояндагии СММ дар шаҳри Бишкек тазоҳурот баргузор карданд.

Ин шаҳрвандони Афғонистон бо шикоят аз он ки беш аз 20 сол мешавад, наметавонанд мақоми паноҳандагиро дарёфт кунанд аз мақомоти Қирғизистон талаб карданд, ки барояшон унвони паноҳандагӣ диҳанд ё онҳоро ба Амрико ва Канада фиристанд.

Яке аз тазоҳургарон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, 22 сол пеш ба Қирғизистон рафтааст, вале то ҳол наметавонад мақоми паноҳандагиро дарёфт кунад. "Ё мақоми расмии паноҳандагӣ диҳанд ё моро ба кишвари дигар фиристанд", - изҳор дошт ӯ.

Тазоҳургарон ҳамоиши эътирозии худро дертар дар назди сафоратхонаи ИМА дар Бишкек идома доданд.

Пештар сардори Идораи кор бо гурезаҳои Вазорати тандурустии Қирғизистон Жипара Мамбетова хабар дода буд, ки кишвараш метавонад то 1200 гурезаи афғонро қабул намояд.

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 73 афғонистонӣ унвони гурезаро дарёфт кардааст ва дархости 67 тани дигар дар ҳоли баррасист.

Қирғизистон аз соли 1996 узви Конвенсияи СММ дар бораи мақоми паноҳандагӣ аст.

XS
SM
MD
LG