Ссылки доступа

Хушксолӣ дар Қазоқистон: 178 ҳазор ҳектар кишти ғалла маҳв шудааст


Иҷрокунандаи вазифаи вазири кишоварзии Қазоқистон Ербол Карашукеев 18 август дар ҷаласаи ҳукумат гуфт, имсол дар натиҷаи пеш омадани хушксолӣ 178,3 ҳазор ҳектар кишти ғалла маҳв шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии заминҳое, ки имсол дар Қазоқистон кишт шуда буданд, 23 миллион ҳектарро ташкил медиҳад. Дар 15,9 миллион ҳектари он ғалла кишт карда шудааст.

Карашукеев афзуд, ки тибқи ҳисоботи раҳбарони вилоятҳо, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил аз 13,2 миллион ҳектар хуб ё қаноатманд ва аз 2,1 миллион ҳектар бад буда, 178,3 ҳазор ҳектари дигар маҳв шудааст.

Бар асоси пешбиниҳои вазир, имсол дар Қазоқистон ҷамъан 15,3 миллион тонна ғалла ҷамъоварӣ шуда, аз захираи соли гузашта 3,5 миллион тонна, аз ҷумла 2,5 тонна гандум мондааст.

Вазири кишоварзии Қазоқистон бовар кунонд, ки ин миқдор ғаллаи ҷамъшуда барои таъмини бозори дохилӣ кофӣ буда, ҳамчунин имкон мешавад, ки як миқдори муайяни онро ба хориҷ содир кард.

XS
SM
MD
LG