Ссылки доступа

Иёлоти Муттаҳида дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро баст


Иёлоти Муттаҳида захираҳои Бонки марказии Афғонистонро дар суратҳисобҳои қаламрави Амрико баста, Толибонро аз истифодаи миллиардҳо доллар маҳрум кард.

"Ҳеч як аз дороиҳои Бонки марказии ҳукумати Афғонистон дар Иёлоти Муттаҳида ба Толибон дода нахоҳад шуд," – гуфт як мансабдори ҳукумати Амрико рӯзи 17-уми август.

Ин тасмимро ҳукумати президент Ҷо Байден охири ҳафта, дар ҳоле гирифт, ки гуруҳи Толибон рӯзи 15 август, пас аз пешрафти зуд дар минтақаҳои дигари Афғонистон шаҳри Кобул, пойтахти ин кишварро ишғол ва ҳукумати мавриди пуштибонии Ғарбро сарнагун кард.

Бино бар маълумоти Сандуқи Байналмилалии Асъор ё IMF, захираҳои умумии Бонки марказии Афғонистон дар охири моҳи апрел 9,4 миллиард долларро ташкил дод.

Гумон меравад, ки аксари ин дороӣ дар Бонки федералии захиравии Ню-Йорк ва дигар муассисаҳои молиявии ИМА нигоҳ дошта мешаванд. Ин захира аз доллар, тило ва вомбаргу васиқаҳои Иёлоти Муттаҳида иборат аст.

Толибон зери таҳримҳои Амрико ҳастанд ва биноан, агар ҳукумати онҳо аз тарафи Вашингтон ва ҳампаймонҳояш расман шинохта нашавад, ба ин хазина дастрасӣ нахоҳанд дошт.

Илова ба бастани дороиҳо, Вашингтон ҳамчунин метавонад аз кумаку қарзи ниҳодҳои ҷаҳониии молиявӣ, ба монанди Сандуқи Байналмилалии Асъор ва Бонки Ҷаҳонӣ ба Афғонистон пешгирӣ кунад.

Ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, Афғонистон яке аз нодортарин кишварҳои ҷаҳон аст ва вобастагии зиёд ба кумакҳои хориҷӣ дорад, ки тақрибан аз чор се ҳиссаи буҷаи давлатии онро ташкил медиҳанд.

XS
SM
MD
LG