Ссылки доступа

Шоҳидон: ҷангҷӯёни Толибон самти тазоҳургарон оташ кушоданд


Протесты в Джелалабаде: протестующие пытаются установить национальный флаг Афганистана. 18 августа 2021 года
Протесты в Джелалабаде: протестующие пытаются установить национальный флаг Афганистана. 18 августа 2021 года

Ҷангҷӯёни ҳаракати Толибон дар ҷараёни тазоҳуроти як гуруҳи шаҳрвандони Афғонистон зидди онҳо дасти кам се касро кушта ва беш аз даҳ тани дигарро захмӣ кардаанд.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба се шоҳид, аз ҷумла як корманди собиқи пулис, хабар додааст, ки ин ҳодиса 18 август дар Ҷалолободи Афғонистон, 150-километрии шаҳри Кобул рух додааст.

Ба иттилои хабаргузорӣ, ҷангҷӯёни Толибон ба самти онҳое оташ кушодаанд, ки зидди ҳаракат шиор партофта, мехостанд, парчами Ҷумҳурии исломии Афғонистонро барафрозанд. Видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ нишон медиҳанд, ки ҷангҷӯён таҷаммуъгаронро бо чубдастҳои резинӣ зада, пароканда мекунанд.

Ҳаракати Толибон тақрибан ҳамаи минтақаҳои Афғонистонро тасарруф кардааст. Ягона минтақае, ки раҳбаронаш ба Толибон таслим нашудаанд, Панҷшер мебошад. Панҷшер соли 2001 паноҳгоҳи неруҳои Эътилофи Шимол, ҳампаймони ИМА дар мубориза зидди Толибон буд.

XS
SM
MD
LG