Ссылки доступа

Узбекистон дар берунории шаҳрвандони Олмон аз Афғонистон кумак мекунад


Тошканд бо Берлин дар масъалаи берун бурдани шаҳрвандони Олмон аз Афғонистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ин масъала 17 август дар ҷараёни суҳбати телефонии президентҳои Узбекистону Олмон -- Шавкат Мирзиёев ва Франк-Валтер Штайнмайер баррасӣ шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, як ҳавопаймои Олмон 17 август 125 касро аз шаҳри Кобул ба шаҳри Тошканд интиқол додааст ва онҳо аз онҷо ба Олмон фиристода хоҳанд шуд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Олмон аз ташкили як пули ҳавоӣ миёни Тошканду Кобул барои интиқоли шаҳрвандон хабар додааст.

Хадамоти матбуоти президенти Узбекистон иттилоъ додааст, ки раҳбарони ду кишвар дар суҳбати телефони ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва таъсири он ба амнияти минтақавию байналмилалиро ҳам баррасӣ карданд.

XS
SM
MD
LG