Ссылки доступа

Як занро бо чаҳор кӯдакаш ронданд, хонаро ба духтарандараш доданд


Дар шаҳри Кӯлоб як занро бо чаҳор кӯдакаш аз хонае рондаанд, ки ба нақли наздикони ӯ, аз шавҳараш, Мурод Кавгаков, ба мерос монда, даҳ сол боз ягона сарпаноҳаш буд.

Дар додгоҳ гуфтанд, бино барои зистан пешбинӣ нашудааст, вале дар айни замон онро дар ихтиёри духтарандари Зулқадамоҳ Абдураҳмонова гузоштанд.

Пайвандонаш мегӯянд, Зулқадамоҳ Абдураҳмонова гунг аст ва даъвогар аз ин нуқси модарзодии ӯ барои пирӯз шудан дар додгоҳ истифода кардааст. Мижгона Муродзода, духтарандари зан, иддао дорад, ки манзили зист аз аввал ба номи ӯ буд.

Ҳоло зан бо чаҳор кӯдакаш дар канори хонаи пешинаи худ зиндагӣ дорад, дар рӯйи замин ва зери осмони кушод. Забони гӯё надорад, то мушкилоташро бигӯяд, аммо чашми ашкбор ва кӯдакони хуфта дар харобазор дардашро бозгӯ мекунанд.

Меҳриннисо Сафарова, ҳамсояи Зулқадамоҳ, рӯзи 17-уми август гуфт, ӯро маҷбурӣ аз хона берун кардаанд: “Ҳозир ҳамсояҳо дар ҳамин ҷо нигоҳ медоранд. Ба куҷо равад? Модараш ҳаст, аммо дар хонаи писаронаш зиндагӣ мекунад. Духтарандараш ҳамин занро бо фанду фиреб ба инҷо овард, ки нигоҳ мекунам, аммо имрӯз пеш кард. Ба куҷо равад?”

Мушкили Зулқадамоҳ пас аз он оғоз шудааст, ки шавҳараш Мурод Кавгаков фавтид ва духтарандараш Мижгона Муродзода барои берун кардани ӯ аз манзили зист ба додгоҳ шикоят бурд. Радиои Озодӣ пештар дар ин бора гузориш дода буд.

Додгоҳи Кӯлоб бидуни он ки макони зисти занро бубинад, қарор баровардааст, ки Зулқадамоҳро аз онҷо берун кунанд.

Саҳнаи бо зӯр баровардани зан ва кӯдаконашро ҳамсояҳо ба навор гирифтаанд. Дар додгоҳи Кӯлоб эътироф карданд, ки ҳеч гоҳ макони мавриди баҳсро надида, танҳо бар пояи санадҳое ҳукм бароварданд, ки духтарандари зан пешниҳод кардааст.

Алимардон Шамсзода, додраси Додгоҳи Кӯлоб гуфт, “Зулқадамоҳ бо аризаи даъвогӣ дар бораи маскун кардан муроҷиат кард. Бино бар он ки ҷойи зист нест ва иншооти обтаъминкунӣ надорад, даъво рад карда шуд. Мо ҳукмро аз рӯи ҳуҷҷатҳо содир кардем ва ба онҷо нарафтем.”

Додгоҳ ин маконро дар ҳоле манзили зист намедонад, ки дар он ҷо Зулқадамоҳ Абдураҳмонова зиёда аз даҳ сол зиндагӣ кардааст. Ҳоло Мижгона Муродзода, духтарандари ӯ, ҳам дар инҷо ба сар мебарад.

Ҳоло Зулқадамоҳ бо чаҳор тифлаш рӯ ба раҳми ҳамсояҳо мондааст ва намедонад, ба куҷо равад. Ду фарзандаш аз шавҳари аввал ва ду фарзанди дигараш аз Мурод Кавгаков, падари Мижгона Муродзода аст.

Мижгона Муродзода ба ҷуз аз таҳдид ва зургӯйӣ ба тарафи хабарнигор нахост, дар назди дурбин қазияро шаҳр диҳад.

Зулқадамоҳ Абдураҳмонова 49-сола аст. Соли 2010 бо Мурод Кавгаков, марде, ки аз ӯ сӣ сол бузургтар буд, издивоҷ кард. Ҳамсояҳо мегӯянд, ин издивоҷро худи Мижгона ташкил ва барпо кардааст.

"Намедонам, бояд фарзанди ноболиғи ӯро нигоҳ кунанд ё шахси ба балоғат расидаро? Шахсе, ки ба балоғат расидаасту қувваи корӣ дорад, 40-50-сола аст. Ӯ як хонаи падарашро фурӯхтааст. Ин беадолатӣ нисбат ба шахсони маъюб аст", -- мегӯяд Асалмоҳ Масамиева, ҳамсояи Зулқадамоҳ.

Баҳси манзил дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои доғ дониста мешавад. Ҳар сол аҳолии Тоҷикистон меафзояд ва “рақобатҳо” барои як порча замину макони зист шадидтар мешавад.

93 дарсади масоҳати Тоҷикистон кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо манзил аз мушкили рақами аввал дониста мешавад. Нархи хона низ дар гӯшаҳои кишвар гарон аст ва коршиносон мегӯянд, агар онро ба даромади аҳолӣ муқоиса кунем, "фарқ байни замину осмон хоҳад буд" ва зоҳиран ҷанг барои хона ҳам бедалел нест.

XS
SM
MD
LG