Ссылки доступа

СММ як қисми кормандонашро аз Афғонистон ба Қазоқистон бурд


Самолет в аэропорту на фото, распространенном МИД Казахстана 18 августа 2021 года
Самолет в аэропорту на фото, распространенном МИД Казахстана 18 августа 2021 года

Вазорати умури хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки шаби 18 август як ҳавопаймои ҳомили кормандони Маъмурияти кумак ба Афғонистон дар фурудгоҳи шаҳри Алматои он кишвар нишастааст.

"СММ дар пайи ташаннуҷи авзоъ дар Кобул аз Қазоқистон дархост кард, ки барои кормандони Маъмурияти кумак ба Афғонистон (UNAMA) ва созмонҳои дигари зертобеаш, ки дар Афғонистон сабтином шудаанд, муваққатан ҷой диҳад. Президент Қосимҷомарт Тоқаев дар асоси уҳдадориҳои Қазоқистон ҳамчун узви СММ ва ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ин созмон дархости мазкурро пазируфт", - афзудааст вазорат.

Расонаҳои расмии Қазоқистон хабар доданд, ки дар дохили ҳавопаймо 141 мусофир ҳузур дошт ва ҳамаи онҳо кормандони UNAMA ҳастанд.

Пештар СММ хабар дода буд, ки 300 корманди байналмилалии худро аз Афғонистон ба Қазоқистон интиқол медиҳад.

XS
SM
MD
LG