Ссылки доступа

Манбаъ: ҳаҷми ришва дар мактабҳои "бонуфуз"-и Туркманистон то ба $10 ҳазор расидааст


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Имрӯзҳо дар мактабҳои Туркманистон мавсими қабули кудакон ба синфҳои ибтидоӣ ҷараён дорад. Як манбаи огаҳ аз вазъ ба бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, бархе аз волидон маҷбур ҳастанд ба масъулони ришва диҳанд, то фарзандонашон ба синфи 1-ум қабул карда шавад.

Ба гуфтаи манбаъ, волидон аз ноҳияҳои Чорҷев ва Фороби вилояти Лебап талош доранд, то фарзандонашонро дар мактабҳои миёнаи рақами 29, 1, 8 ва 31-и Туркманбошӣ, ки бо номи "мактабҳои кудакони нухбагон" маъруфанд, ба синфи 1-ум қабул кунанд.

"Дар ин мактабҳо фанҳо, аз ҷумла забонҳои хориҷиро хуб дарс медиҳанд. Бинобар ин, бештари волидон, бахсус хонаводаҳои доро талош мекунанд, ки фарзандҳояшон дар онҳо таҳсил кунанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо ба шарти ифшо нашудани номаш.

Тибқи қонунгузорӣ, масъулони мактабҳои мазкур бояд кудаконеро қабул кунанд, ки дар қайди ҳамон ноҳия ё минтақа ҳастанд. Бинобар ин, волидон аз минтақаҳои дигар ба мансабдорон ришва дода, санади сохтаи маҳалли зисти онҷоро ба даст меоранд.

Як ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳаҷми ришва аз масъулон вобаста буда, аз 25000 то 35000 манатро ташкил медиҳад. Тибқи қурби расмӣ, он баробар ба аз 7150 то 10000 доллари амрикоӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG