Ссылки доступа

Сарвазирони Авруосиё дар Қирғизистон ҷамъ шуданд


Садыр Жапаров и Никол Пашинян.

Сарвазирони Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Русия барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии Авруоисё вориди шаҳри Бишкеки Қирғизистон шуданд.

Ба огаҳии девони вазирони Қирғизистон, ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Авруосиё 19 август оғоз шуда, 20 август низ идома хоҳад ёфт. Дар ҷараёни он баррасии беш аз 20 масъала дар назар аст.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов иттилоъ дод, ки ӯ сарвазири Арманистон Никол Пашинянро ба ҳузур пазируфтааст. Ҷонибҳо масоили муҳими дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин Ҷабборов тақвияти ҳамкориҳо барои афзоиши табодули мол миёни ду кишвар ва баргузории нахустин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷорӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангию башардустонаро пешниҳод кардааст.

XS
SM
MD
LG