Ссылки доступа

Ҳавопаймои "Uzbekistan Airways" онҳоеро ба Олмон бурд, ки аз Афғонистон берун оварда шуданд


Группа людей, вывезенная самолетом авиакомпании Uzbekistan Airways из Афганистана в Германию.
Группа людей, вывезенная самолетом авиакомпании Uzbekistan Airways из Афганистана в Германию.

Ширкати "Uzbekistan Airways" хабар дод, ки ҳавопаймои он рӯзи панҷшанбе беш аз 200 нафареро аз Тошканд ба Франкфурт-на-Майне интиқол дод, ки аз Афғонистон берун оварда шуда буданд.

Вазорати дифои Олмон хабар дод, ки тавассути ҳавопаймои низомӣ нимаи рӯзи дувуми панҷшанбе 211 каси дигарро аз Кобул берун оварданд. Ҳаминтариқ шумори онҳое, ки аз Афғонистон тавассути Тошканд ба Олмон интиқол ёфтанд, ба 900 расид.

Пештар онҳоеро, ки аз Афғонистон ба Тошканд интиқол дода мешуданд, танҳо ҳавопаймоҳои ширкати "Lufthansa" ба Олмон мебурданд.

"Ягон нафари онҳое, ки аз Афғонистон берун оварда мешаванд, ҳаққи ворид шудан ба шаҳри Тошкандро надоранд", - иттилоъ медиҳад телевизиони "Узбекистон 24".

XS
SM
MD
LG