Ссылки доступа

Қирғизистон дар сарҳад бо Тоҷикистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст


Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар дод, ки пас аз дигаргунӣ дар Афғонистон дар сарҳад бо Тоҷикистону Узбекистон посгоҳҳои иловагӣ гузоштааст, аммо онҳоро "муваққатӣ" номид.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора чизе нагуфтаанд. Қирғизистон бо Афғонистон сарҳади муштарак надорад.

"Бо ҳадафи таъмини амният дар сарҳади Қирғизистон – Тоҷикистон ва Қирғизистон – Узбекистон посгоҳҳои муваққатии сарҳадӣ таъсис дода шуданд. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон якҷо бо мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ амалиёти кашф ва ҷустуҷӯро ба нақша гирифтааст. Воҳидҳои Хадамоти марзбонӣ ҳамарӯза навбатдорӣ мекунанд", - гуфтанд дар ин ниҳод рӯзи 22-юми август ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ.

Масъулони Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфтаанд, ба шаҳрвандони хориҷие, ки ҳуҷҷатҳои зарурӣ доранд, иҷозат дода мешавад, тавассути гузаргоҳҳо вориди хоки ин кишвар шаванд. Вале гузаргоҳҳои байни Тоҷикистону Қирғизистон пас аз задухӯрди хунини охири моҳи апрели имсол, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, бастаанд.

Мақомоти Қирғизистон борҳо гуфтаанд, гузаргоҳҳоро бо Тоҷикистон дар сурати ҳал шудани баҳсҳои марзӣ мекушоянд. Ҳоло ҷонибҳо мавзӯи таъину нишонагузории қитъаҳои баҳсноки сарҳадро баррасӣ доранд.

Тасмими охири Қирғизистон дар ҳолест, ки Тоҷикистону Узбекистон бо Афғонистон марзи дарозу назораташ душвор доранд. Ҳоло бахши асосии сарҳадро аз тарафи Афғонистон ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон” ва афроди вобаста ба онҳо нигоҳбонӣ мекунанд.

Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, “Толибон” назорати қисмате аз сарҳади Афғонистон бо Тоҷикистонро дар ихтиёри ҷангҷӯёни ҳаракати “Ансоруллоҳ” гузоштаанд. Фаъолияти ин созмон дар кишвар мамнуъст ва аз ҷангҷӯёнаш, ки асосан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, баъзан “Толибони тоҷик” ном мебаранд.

Дар моҳи гузашта садҳо низомӣ ва афроди мулкӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, паноҳ оварда буданд. Пас аз он ки “Толибон” назорат бар Афғонистонро ба даст гирифтанд, мақомоти Тоҷикистон дар бораи паноҳҷӯёни афғон чизе нагуфтанд. Манобеи Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шаби 15-уми август 143 кас тавассути чархболу ҳавопаймо аз Афғонистон ба вилояти Хатлон расиданд.

Ҷониби Узбекистон мегӯяд, танҳо шаби 14-уми август беш аз ҳаштод нафар аз пули Ҳайратон гузаштанд ва онҳоро бо гуноҳи марзшиканӣ дастгир карданд.

Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, 20-уми август номи Тоҷикистону Узбекистонро дар миёни кишварҳое номбар кард, ки ба қавли ӯ омодаанд ҳамчун нуқтаҳои транзитӣ барои берун бурдани мардум аз Афғонистон хидмат кунанд.

Намояндагони “Толибон” борҳо қавл додаанд, ки ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳамла намекунанд, аммо нигарониҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз боди таҳдидҳое, ки аз он сӯйи Ому мевазад, боқист.

XS
SM
MD
LG