Ссылки доступа

Қирғизистон хулосаи гуфтугӯи марзӣ бо Тоҷикистонро нашр кард


Хадамоти марзбонии Қирғизистон хулосаи гуфтугӯҳои марзӣ бо Тоҷикистонро нашр кард. Ин гуфтугӯҳо рӯзи 22 август дар ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор шудаанд.

Ба иттилои ниҳод, ҷонибҳо сангпартоӣ сӯи мошинҳои қирғизистониҳо дар минтақаи Эки-Тош ва хандақкандӣ дар минтақаи маъруф ба "Головной"-ро баррасӣ кардаанд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон хандақканиро дар минтақаи "Головной" қатъ кардааст. Вазъ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон мутаносибан ором баҳо дода мешавад.

Расонаҳо рӯзи 21 август навиштанд, ки ҷониби Тоҷикистон дар минтақаи тақсими оби "Головной" ба корҳои сохтмонӣ шуруъ кардааст.

Ҳамчунин шаби 21 ба 22 август дар минтақаи Эки-Тош афроди номаълум сӯи ду мошини шаҳрвандони Қирғизистон сангпартоӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG