Ссылки доступа

Наздики 500 тан аз коргарони ширкати нафткаши West Oil Software дар Қазоқистон корпартоӣ эълом карданд


Наздики 500 тан аз коргарони ширкати нафткаши West Oil Software дар вилояти Мангистауи Қазоқистон бо эъломи корпартоӣ маоши бештар ва шароити беҳтари корӣ талаб карданд.

Конисбой Утепов, яке аз коргарони ширкат гуфт, онҳо пушти дари ширкати West Oil Software ҷамъ шудаанд.

"Мо имрӯз ба кор набаромадем. Мо талаб дорем, ки маоши мо баробар ба маоши ширкатҳои нафткаш бошад. Ба ҷуз ин, мо талаб дорем, ки ба иттиҳодияи коргарии мо иҷозаи фаъолияти мустақилона дода шавад", - гуфт Утепов.

Вай афзуд, ки маоши миёна дар ширкат 230 ҳазор тангаро ташкил медиҳад. Онҳо талаби маоши 450-500 ҳазор тангаӣ (1000 ва 1200 доллар мутаносибан)-ро доранд.

Дар 3 моҳи охир дар вилояти Мангистауи Қазоқистон корпартоии коргарони ширкатҳо афзудааст. Бештаре аз коргарон тавонистанд, ки ба талабҳояшон расанд.

Дар Қазоқистон эъломи корпартоӣ ба василаи асосии расидан ба шароити беҳтари корӣ ва афзоиши маош табдил шудааст.

XS
SM
MD
LG