Ссылки доступа

CNN: ба фурудгоҳи Кобул танҳо шаҳрвандони ИМА ва кишварҳои узви НАТО иҷозаи вуруд доранд


Вашингтон тартиби вуруд ба фурудгоҳи Кобулро тағйир дод. Фурудгоҳ охирин имкони тарки Афғонистони аз сӯи "Толибон" ишғолшуда аст.

Акнун танҳо шаҳрванди ИМА, кишварҳои узви НАТО ва афроди дорои грин-корти Амрико иҷозаи вуруд ба фурудгоҳро доранд. Дар ин бора телевизиони CNN хабар медиҳад.

Айни ҳол наздики 20 ҳазор афғонистонӣ дар фурудгоҳи Кобул қарор доранд, ки мехоҳанд, Афғонистонро тарк кунанд.

Афғонистониҳое, ки намехоҳанд, таҳти ҳукумати толибон зиндагӣ кунанд, дар талоши фирор аз ин кишвар ҳастанд.

XS
SM
MD
LG