Ссылки доступа

Донишҷӯёни афғонистонӣ намехоҳанд, баъди хатм тарки Қазоқистон кунанд


Донишҷӯёни афғонистонӣ, ки Донишгоҳи техникии шаҳри Қарағандаи Қазоқистонро хатм кардаанд, аз мақомоти ин кишвар хостанд, ки ба онҳо иҷозаи истиқомат дар Қазоқистонро бидиҳанд.

11 тан аз хатмкардаи донишгоҳ гуфтанд, ҳаёти онҳо дар Афғонистон дар хатар хоҳад буд ва ба ин далел мехоҳанд. дар Қазоқистон боқӣ монанд.

Абдулкасар Расулӣ, яке аз ин донишҷӯҳо гуфт, онҳо ба мақомоти муҳоҷирати Қазоқистон барои тамдиди визаҳояшон муроҷиат кардаанд.

Бино ба муқаррароти Қазоқистон, донишҷӯёни хориҷӣ дар он кишвар танҳо ҳаққи то 31 август боқӣ монданро доранд. Бахитҷон Кудияров, сухангӯи пулиси вилояти Қарағанда гуфт, масълаи боқӣ мондани донишҷӯёни афғонистонӣ дар ҳоли баррасӣ аст.

Вазорати маорифи Қазоқистон хабар дод, ки дар ин кишвар 102 донишҷӯ аз Афғонистон таҳсил мекунад. Қисме аз он дар истироҳати тобистона ба ватанашон рафтаанд. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар сурати имкони баргаштан ба Қазоқистон онҳо метавонанд, таҳсилро давом диҳанд.

XS
SM
MD
LG