Ссылки доступа

Сарвазири пешини Қирғизистон бо пардохти 50 млн сом аз ҳабси пешакӣ озод шуд


Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири пешини Қирғизистон, ки дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар кони тилои "Қумтор" ва сарватандузии ғайриқонунӣ гумонбар мешавад, ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз маҳбас озод шудааст.

Додситонии кулли Қирғизистон аз додгоҳ дархост кардааст, ки дар робита ба бад шудани вазъи сиҳатӣ ва ҷуброни зарар Абилғозиев аз ҳабси пешакӣ озод шавад. Додгоҳ хабар дод, ки Абилғозиев 50 млн сом (бештар аз 590 ҳазор доллар) ҷуброн пардохтааст.

Абилғозиевро 26 январи имсол боздошт карда буданд.

Тафтишот мегӯяд, вай дар замони сарвазириаш ғайриқонунӣ ва хилофи қонунгузории Қирғизистон қарори ҳукумати он кишварро имзо ва ба ин тартиб, ба ширкати "Кумтор Голд Компани" иҷоза додааст, ки барои ҷустуҷӯи геологӣ ва истихроҷи тило ҳудуди бештарро соҳиб шавад. Дар натиҷа майдони умумии кон ду баробар афзуда, ба 26,3 ҳазор га баробар шудаву чанд пирях ва мамнуъгоҳро дар бар гирифтааст.

Ба ҷуз ин, Абилғозиев дар он гумонбар мешуд, ки дар давраи дар ниҳодҳои давлатӣ фаъолият карданаш даромадҳояшро афзудааст.

Абилғозиев солҳои 2018-2020 сарвазири Қирғизистон буд. Вай 15 июни соли 2020 истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG