Ссылки доступа

Президенти Узбекистон аз дарахтбурӣ интиқод ва раиси кумитаи муҳити зистро сабукдӯш кард


Шавкат Мирзиёев, президент Узбекистон дар як ҷаласа рӯзи 24 август раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист Алишер Мақсудовро аз мақом барканор кард.

Мирзиёев аз фаъолиятҳои Мақсудов дар амри ҳифзи муассири муҳити зист ва густариши минтақаҳои сабз дар Узбекистон интиқод кардааст.

Мирзиёев гуфтааст, дар кишвараш минтақаҳои сабз 3-4 маротиба коҳиш ёфта, теъдоди корхонаҳои саноатӣ ду баробар афзудааст.

Мақсудов дар моҳи ноябри соли 2020 ба мақоми раисии кумитаи ҳифзи муҳити зисти Узбекистон таъйин шуда буд.

XS
SM
MD
LG