Ссылки доступа

Мақомоти Қирғизистон фурӯши ташхисҳои қалбакиро тафтиш мекунанд


Test tube with Corona virus
Test tube with Corona virus

Жилдиз Бакашова, муовини раиси девони вазирони Қирғизистон дар робита ба фурӯши ташхисҳои қалбакии коронавирус бо ҳузури масъулони он кишвар ҷаласа багузор кард.

Бакашова ба вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дастур додааст, ки иттилои дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ зикршударо санҷад. Муовини раиси девони вазирони Қирғизистон ҳамчунин ба вазорати ҳифзи тандурустии кишвараш супориш додааст, ки фаъолияти беморхонаҳо ва ташхисгоҳҳои хусусӣ санҷида шавад.

Рӯзноманигорон Мээрим Сирдибоева ва Алӣ Токтакунов дар як таҳқиқоти рӯзноманигорӣ аз далелҳои зиёди фурӯши ташхисҳои қалбакии коронавирус хабар доданд. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, ки дар гузаргоҳи марзии "Оқ-Жол" бо Қазоқистон ташхисҳои қалбакӣ бо қимати 20-35 доллар фурӯхта мешаванд.

Дар ташхисгоҳҳои хусусии Қирғизистон рӯзноманигорон далелҳои фурӯши ташхисҳои қалбакиро ошкор кардаанд.

XS
SM
MD
LG