Ссылки доступа

СММ мегӯяд, Афғонистонро гуруснагии шадид фаро мегирад


Шумори сокинони Афғонистон, ки бо ба сари қудрат омадани ҳаракати "Толибон" таҳти хатари гуруснагӣ қарор гирифтаанд, ба 14 миллион расидааст. Дар ин бора Дэвид Бизлӣ, мудири барномаҳои озуқаи СММ дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ба далели чанд соли хушкӣ, ҷанг, бадшавии вазъи иқтисод ва вабои COVID-19 Афғонистон дар интизори "тӯфони комил" аст. Барои пешгирӣ аз фоҷиаи башарӣ СММ то моҳи сентябр ба 200 миллион доллар ниёз дорад. То он муддат дар Афғонистон ғизои сокинон тамом мешавад ва теъдоди афғонистониҳое, ки ба кӯмаки башарӣ ниёз пайдо хоҳанд кард, ду баробар меафзояд.

СММ умедвор аст, ки маблағи зарурӣ барои кӯмак ба Афғонистонро ИМА, Қатар ва дигар кишварҳои соҳили Халиҷи форс ҷудо мекунанд. Бизлӣ гуфт, толибон ваъда додаанд, ки кӯмак ба ниёзмандон хоҳад расид.

Бино ба оморҳои мухталиф, Афғонистон 36 миллион аҳолӣ дорад.

Моҳи ноябри соли гузашта кишварҳои хориҷӣ тасмим гирифта буданд, ки дар зарфи чаҳор соли оянда ба Афғонистон дар ҳаҷми 12 миллиард доллар кӯмаки башарӣ ирсол кунанд. Аммо бисёре аз кишварҳои кӯмакрасон шарти асосии ёрӣ ба Афғонистонро риояи ҳуқуқи инсон дар он кишвар унвон карда буданд.

СММ мегӯяд, толибон баъди сари қудрат омадан даст ба поймолсозии ҳуқуқи шаҳрвандон задаанд.

XS
SM
MD
LG