Ссылки доступа

Толибон ба занҳои Афғонистон тавсия доданд, кор накунанд ва ба кӯча набароянд


Толибон ба занҳои Афғонистон тавсия доданд, ки кор накунанд ва ба кӯча набароянд. Дар ин бора BBC бо такя ба намояндаи ҳаракати Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод.

"Неруҳои мо одати муомила кардан бо занҳо, гуфтугӯ кардан бо онҳоро надоранд. То замоне, ки амнияти занҳо таъмин нашавад... мо аз онҳо хоҳиш мекунем, ки дар хона бимонанд", - гуфт Муҷоҳид.

"Ин раванди бисёр кӯтоҳе аст", - афзуд вай.

Намояндаи толибон дар робита ба кӯч додани одамон аз фурудгоҳи Кобул аз афғонистониҳо даъват кард, ки ба фурудгоҳ нараванд, зеро онҷо бебандуборӣ ҳукмфармо аст.

Муҷоҳид аз ИМА хост, "кӯчидан" аз Афғонистонро "ташвиқ" накунад. Ба гуфтаи вай, Афғонистон худ ба шаҳрвандони болаёқаташ ниёз дорад.

Толибон рӯзи 15 август вориди пойтахти Афғонистон шуданд ва эълом карданд, ки тамоми кишварро таҳти назорат доранд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ тарки кишвар кард.

XS
SM
MD
LG