Ссылки доступа

Токио-2020: Узбекистон соҳиби нахустин медали биринҷии бозиҳои паролимпӣ шуд


Дар бозиҳои паролимпӣ дар Токио Ислом Асланов, варзишкори узбекистонӣ соҳиби медали биринҷӣ шуд.

Кумитаи миллии паролимпии Узбекистон рӯзи 25 август хабар дод, ки ин нахустин медали биринҷии тими миллӣ дар бозиҳои паролимпӣ аст.

48 варзишкори тими миллии Узбекистон дар бозиҳои паролимпии Токио дар 8 навъи варзиш ширкат мекунанд.

Дар маҷмуъ дар мусобиқаҳое, ки аз 24 август то 5 сентябр доир мешавад, 4400 варзишкор аз 162 кишвар бо ҳам рақобат мекунанд.

XS
SM
MD
LG