Ссылки доступа

Марде дар сарҳади Узбекистон бо Тоҷикистон бо 100 кило маводи мухаддир боздошт шуд


Рӯзи 25 август кормандони гузаргоҳи марзии "Сари Осиё-и вилояти Сурхондарёи Узбекистон дар марз бо шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон аз қочоқи қариб 100 кило маводи мухаддир пешгирӣ карданд.

Соати 3:30 дақиқаи субҳи 25 август аз ҷониби гузаргоҳи "Пахтаобод"-и Тоҷикистон ба гузаргоҳи "Сари Осиё" мошини боркаши тамғаи “Merсedes-Benz”, таҳти идораи шаҳрванди Тоҷикистон ворид шудааст, ки дар дохилаш 20 тонна калоба дошт.

Азиза Зокирова, намояндаи Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон дар шарҳи ин қазия гуфт: "Дар назари аввал ҳама чӣ гӯё дуруст ва тибқи қонун буд. Ронанда хабар дод, ки тавре ки дар санадҳо нишон дода шудааст, ба мошинаш 20 тонна калоба бор кардаанд. Вале ҳангоми тафтиши бордони мошин бо кӯмаки сагони бӯгир маълум карда шуд, ки дар қисмати пеши бордон дар зери фарш 93 бастаи полиэтилении рангҳояшон сабзу сурх ва зард пинҳон карда шудааст".

Баъди кушодан ва ташхиси бастаҳо муайян карда шуд, ки дар 82 бастаи сабзу сурх 85 килою 505 грам ҳероин ва дар 11 бастаи зард 11 килою 425 грам ҳашиш ҷо карда шудааст.

"Аз кӯшиши ба қаламрави Узбекистон қочоқ кардани 96 килою 930 грамм маводи нашъаовар пешгирӣ карда шуд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфт Азиза Закирова.

XS
SM
MD
LG