Ссылки доступа

Таҳдиди ҳамлаи террористӣ дар Кобул


ИМА ва дигар кишварҳои ғарбӣ шаҳрвандони худро огоҳ карданд, ки бино бо сабаби дарёфти таҳдидҳои “бисёр боэътимод” аз ҳамлаҳои террористӣ, аз фурудгоҳи шаҳри Кобул ва манотиқи атрофи он дуртар бошанд.

Ин шабу рӯз ҳазорҳо нафар талош доранд тавассути фурудгоҳи шаҳри Кобул Афғонистонро тарк кунанд. Як диломати ғарбӣ рӯзи 26-уми август гуфт, бо вуҷуди огаҳиҳо аз таҳдиди ҳамлаи террористӣ, фурудгоҳ ва атрофи он пур аз издиҳоми мардум аст. Маълум нест, ки чӣ шуморе аз хориҷиҳо ҳанӯз дар Кобул мемонанд, вале як мақоми амрикоӣ гуфт, ки тахминан 1500 шаҳрванди Амрико ва ҳам дорандагони виза талош доранд ба фурудгоҳ бирасанд.

Вазири нирӯҳои мусаллаҳи Бритониё Ҷеймс Ҳиппӣ рӯзи 26-уми август гуфт, ки бино ба гузоришҳои қобили эътимод, ҷангиён дар фикри ташкили як ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи шаҳри Кобул мебошанд.

Ӯ дар як мусоҳибааш бо радиои ВВС гуфт, ки ба мардум машварат шудааст, ки ба фурудгоҳ наоянд ва то расидани дастурҳои нав дар макони амне интизор бимонанд. Сафорати ИМА дар Кобул ҳам ба шаҳрвандонаш машварат додааст, ки дуртар аз фурудгоҳ бошанд.

XS
SM
MD
LG