Ссылки доступа

Дар Қирғизистон қонуни нави интихоботҳо қабул шуд


Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон тағйирот ба қонун дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони Қирғизистонро имзо кард.

Бино ба ин тағйирот, интихоботи порлумонии он кишвар дар асоси низоми омехта баргузор мешавад. Акнун вакилон аз рӯи рӯйхати ҳизби (54 курсӣ) ва аз ҳавзаи якмандатӣ (36 курсӣ) интихоб мешаванд.

Дар раъйпурсии рӯзи 11 апрели соли ҷорӣ дар он кишвар Конститутсияи нав қабул шуд, ки бар асоси он мебоист, ба қонуни интихоботӣ тағйирот ворид шавад.

Қонуни нав шуруъ аз имрӯз, 27 август, ба иҷро медарояд. Ҳоло президенти Қирғизистон бояд санаи интихоботи порлумониро эълон кунад.

XS
SM
MD
LG