Ссылки доступа

Президенти Узбекистон 215 маҳбусро афв кард


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев фармон дар бораи афви маҳбусонеро имзо кард, ки "самимона тавба карда, ислоҳ шудаанд".

Тибқи фармони мазкур, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии Узбекистон имзо шудааст, 215 зиндонӣ афв гаштанд.

Аз ин миён 3 кас пурраву 127 кас шартан озод шуда, ҷазои 12 нафар сабуктар ва муҳлати ҷазои 73 маҳбус кам мешавад.

Дар миёни афвшудаҳо 14 зан, 12 каси аз 60-сола боло, 69 шаҳрванди хориҷӣ ва 15 нафаре низ ҳастанд, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнуъ иштирок доштанд.

XS
SM
MD
LG