Ссылки доступа

СПАД дар Тоҷикистону Қирғизистон тамринҳои низомӣ баргузор мекунад


Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ё ОДКБ, як созмони зери нуфузи Русия, гуфтааст, бо таваҷҷуҳ ба вазъ дар Афғонистон қасд дорад, дар Қирғизистон ва Тоҷикистон машқҳои низомӣ баргузор кунад.

Владимир Зайниддинов, сухангӯи СПАД, рӯзи 27-уми август ба хабаргузории “Интерфакс” гуфт, дар размоиши “Рубеж” дар Қирғизистон, ки аз 7 то 9-уми сентябр баргузор хоҳад шуд, чандин ҳазор сарбоз иштирок мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар моҳи октябр ва ноябри имсол дар наздикии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон баргузории чаҳор тамрини низомӣ дар назар аст. Дар оғози моҳи августи имсол нерӯҳои Тоҷикистону Узбекистон ва Русия дар қарибии сарҳад бо Афғонистон тамрини низомӣ баргузор карда буданд.

Арманистону Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷмаъӣ ҳастанд.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи тӯлонӣ ва дар баъзе қисматҳо назораташ душвор доранд, аз таҳдидҳои амниятии он тарафи сарҳад ва эҳтимоли сарозер шудани ҳазорҳо гуреза нигаронанд.

Гуруҳи “Толибон”, ки назорат бар Афғонистонро (ба ҷуз аз Панҷшер) ба даст дорад, кӯшиш кардааст, кишварҳои ҳамсоя ва Русияро мутмаин созад, ки ба атрофиён ҳеч хатар надорад.

XS
SM
MD
LG