Ссылки доступа

Шикояти кишоварзони узбек аз таҷрибаи зараровари кишти лӯбиё


Соя.

Кишоварзони Узбекистон се сол мешавад, ки кишти лубиёро дар миёни ниҳолҳои пахта таҷриба мекунанд.

Ин таҷриба соли гузашта дар вилояти Андиҷон анҷом шуда, имсол кишоварзони вилояти Фарғона низ онро санҷидаанд.

Ба гуфтаи кишоварзон, парвариши лӯбиё дар миёни ниҳолҳои пахта хеле мушкил буда, ҳангоми коркардҳои агротехникӣ аксари зироатҳо аз реша ҷудо мешаванд. Бинобар ин, ҳосили лӯбиё низ кам хоҳад буд.

Кишоварзони узбек мегӯянд, бо вуҷуди ноком будани ин таҷриба раҳбарияти ноҳияҳо онҳоро маҷбур доранд, ки барои иҷрои дастури президенти Узбекистон ва нақшаи лӯбиё аз ширкате дар Бухоро тухмии онро харидорӣ карда, дар миёни ниҳолҳои пахта кишт кунанд.

Як кишоварз аз ноҳияи Тошлоқи Узбекистон гуфт, тақрибан ҳамаи кишоварзони ноҳия натавонистанд, ки нақшаи лӯбиёро иҷро кунанд.

Кишоварзи дигаре аз Тошлоқ гуфт, аз кишти лӯбиё дар миёни ниҳолҳои пахта 40 миллион сӯм (ҳудуди 4 ҳазор доллар) зарар дидааст.

Ҳукумати Узбекистон моҳи феврали соли 2018 қарореро дар бораи афзоиши минбаъдаи кишти лӯбиё дар кишвар содир карда буд. Вале дар ягон банди ин қарор гуфта нашудааст, ки он бояд дар миёни ниҳолҳои пахта кишт карда шавад.

Тасмими афзоиши кишти лӯбиё дар пайи як суханронии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шудааст. Мирзиёев дар он суҳбаташ гуфта буд, ки "лӯбиё ба саломатӣ хеле фоида дорад ва равғанаш низ серхаридор аст.

XS
SM
MD
LG