Ссылки доступа

Бердимуҳаммадов гуфт, Туркманистон гурезаҳои афғонро қабул намекунад


Дети беженцы из Афганистана

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов гуфт, "дар вазъияти кунунии эпидемиологӣ дар мавриди қабули гурезаҳои афғон бояд қарори оқилона қабул кард".

Ӯ бо ин суханҳои худ расман тасдиқ кард, ки гурезаҳои афғон ба ҳудуди Туркманистон роҳ дода нахоҳанд шуд. Бердимуҳаммадов 29 август дар як суҳбати телефонӣ бо президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо вазъи Афғонистонро баррасӣ кард.

Ба иттилои хабаргузории расмии Туркманистон, Бердимуҳаммадов сабаби роҳ надодани гурезаҳои афғонро ба пандемияи коронавирус рабт дода, афзудааст, ки "хатари паҳншавии бемории ҳамагири марговари вируси навро бояд ҷиддӣ гирифт".

Президенти Туркманистон дар суҳбат бо Мишел мавқеи Ишқободро дар робита ба Афғонистон шарҳ дода, гуфтааст, кишвараш ҷонибдори ҳалли мушкилоти Афғонистон аз роҳи сиёсӣ-дипломатӣ ва осоишта аст.

Бердимуҳаммадов изҳор доштааст, ки гузаргоҳҳои марзии ин кишвар бо Афғонистон боз буда, Ишқобод роҷеъ ба масъалаҳои сарҳадӣ, гумрукӣ, беҳдоштӣ ва табодули мол бо ҳаракати Толибон тамоси доимӣ дорад.

XS
SM
MD
LG