Ссылки доступа

Куриёи Шимолиро ба истеҳсоли плутоний муттаҳам карданд


Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ (IAEA) дар гузориши нави солонаи худ гуфтааст, эҳтимол дорад Куриёи Шимолӣ истеҳсоли плутонийро, ки барои сохтани силоҳи ҳастаӣ зарур аст, аз сар гирифта бошад.

"Аз аввалҳои моҳи декабри соли 2018 то моҳи июли соли равон ҳеч гуна нишонаи азсаргирии истеҳсоли плутоний мушоҳида намешуд. Вале ҳоло мушоҳида мешавад", - омадааст дар гузориш.

Оҷонс дар бораи нишонаҳои азсаргирии истеҳсоли плутоний дар Куриёи Шимолӣ ҳанӯз дар моҳи июни соли равон хабар дода буд. IAEA он замон гуфта буд, ки изи ҷудосозии плутонийро аз сӯзишвории коркардшудаи реактурӣ дар Куриёи Шимолӣ мушоҳида кардааст.

Сардори оҷонс Рафаэл Гроссӣ рӯзи 7-уми июни соли равон изҳор дошт, ки эҳтимол маводи истеҳсол кардаи Куриёи Шимолӣ дар сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода карда шавад.

Оҷонси байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ба иншооти ҳастаии Куриёи Шимолӣ дастрасӣ надорад. Пхенян соли 2009 аз ҳайати кишварҳои нозири СММ, ки бо мониторинги корҳо дар бахши истифодаи нерӯи ҳастаӣ машғул ҳастанд, хориҷ шудааст.

Бино бар ин, тавре "Садои Амрико" навиштааст, ин созмон, ки қароргоҳаш дар Вена аст, фаъолиятҳои Пхенянро тавассути моҳвора пайгирӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG