Ссылки доступа

Дар Қирғизистон истеъфои вазири дохилӣ ва додситони кулро талаб доранд


Додраси пешини Палатаи конститутсионӣ ва раҳбари Ҳизби "Ислоҳот"-и Қирғизистон Клара Сооронкулова мегӯяд, додгоҳи ин кишвар моҳи январи соли равон иҷозат додааст, ки суҳбатҳои телефонии ҳудуди 100 шаҳрванд "гуш карда шавад".

Клара Сооронкулова бо нашри акси қарори додгоҳ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба президенти Қирғизистон шикоят кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ин қарори додгоҳ дархости сардори хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон асос шудааст. Аз додгоҳ хоста шудааст, ба гуш кардани суҳбатҳои телефонии онҳое иҷозат диҳад, ки алайҳашон дар робита ба ҳаводиси 5 октябри соли 2020, ҳамла ба бинои ҳукумат дар шаҳри Бишкек парванда боз шудааст.

"Дар ин рӯйхат дар баробари мухолифон ва номзадҳо ба мақоми президентӣ онҳое низ ҳзастанд, ки ба ҳаводиси моҳи октябр ҳеч робитае надоранд. Аз ҷумла, Нурбек Токтакунов, Сания Токтогазиева, Таттибуба Эргешбаева", - навиштааст Сооронкулова.

Фаъолони маданӣ аз президенти Қирғизистон хостаанд, ки дар робита ба ин қазия чора андешида, вазири умури дохилӣ Улан Ниёзбеков ва додситони кулли ин кишвар Курманбек Зулушев​ро ба истеъфо фиристонад. Ҳамчунин раҳбарону муфаттишони вазорат ва додрасе, ки иҷозат додааст, ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

XS
SM
MD
LG