Ссылки доступа

Вазири дифои Қазоқистон аз мақомаш истеъфо дод


Сухангӯи президенти Қазоқистон Берик Уалӣ рӯзи сешанбе хабар дод, ки вазири дифои ин кишвар Нурлан Ермекбоев ба истеъфо фиристода шудааст.

"Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев гузориши вазири дифои кишвар Нурлан Ермекбоевро дар мавриди қабули истеъфои ӯ баррасӣ ва қабул кард", - навиштааст Уалӣ дар Фейсбук.

Истеъфои вазири дифои Қазоқистон дар пайи таркиш дар як пойгоҳи низомии ин кишвар дар вилояти Ҷамбул аст, ки 26 август беш аз даҳ кушта бар ҷой гузошт. Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон имрӯз хабар дод, ки шумори қурбониёни таркиш ба 15 кас расидааст. Ҳамчунин дар бораи захмӣ шудани 90 тани дигар иттилоъ дода мешавад.

Вазири дифои Қазоқистон он замон гуфта буд, ки омода аст аз мақомаш истеъфо диҳад. Ба гуфтаи ӯ, баъди даҳ таркиш дар анбори нигаҳдории васоили фанниву низомӣ сӯхтор сар задаааст. Айни чунин ҳодиса дар ҳамин ҷо соли 2019 ҳам рух дода буд ва он вақт чор нафар кушта шуд.

Дар миёни ҳалокшудаҳо кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода, пойгоҳи низомӣ ва додситонии ҳарбии Қазоқистон низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG