Ссылки доступа

Узбекистон эҳтимол аст, халабонҳои афғонро ба Толибон таслим кунад


Узбекистон ИМА-ро аз эҳтимоли бозпас фиристодани халабонҳои низомии афғоне ба ватан ҳушдор додааст, ки ду ҳафта пеш ба ин кишвар паноҳ бурдаанд. Дар ин бора The Wall Street Journal бо истинод ба як манбаъ дар Вашингтон хабар додааст.

Ба иттилои расона, сабаби гирифтани ин тасмим фишорҳои ҳаракати Толибон гуфта мешавад.

Ба гуфтаи Вашингтон, Узбекистон аз ИМА даъват дорад, ки ҳар чи зудтар халабонҳоро ба кишвари севум интиқол диҳад. Дар сурати интиқол надодан Тошканд маҷбур мешавад, барои бад нашудани муносибатҳо бо Толибон онҳоро ба ватан бозпас фиристад.

Ҳаракати Толибон 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро тасарруф кард. Дар натиҷа қисме аз низомиёни он кишвар ба Узбекистону Тоҷикистон фирор карданд. Ба иттилои додситонии кулли Узбекистон, рӯзҳои 14 ва 15 август 24 чархболу 22 ҳавопаймои низомии Афғонистон ҳарими ҳавоии он кишварро нақз карданд.

XS
SM
MD
LG