Ссылки доступа

Хабари "бомбгузорӣ" шудани шаш мактаб дар Оқтеппаи Қазоқистон


Иллюстративное фото
Иллюстративное фото

Рӯзи 1 сентябр дар шаш мактаби шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон занги нахустин садо надод. Ин тасмим дар пайи хабарҳо дар бораи "бомгузорӣ" шудани бинои мактабҳо гирифта шудааст.

Ба гуфтаи мудири маорифи вилояти Оқтеппа Жолдас Батирхон, хабари бомбгузорӣ шудани бинои муассисаҳои таълимӣ ба почтаи электронии мактаби миёнаи рақами 2-и Оқтеппа соати 8:30 фиристода шудааст.

"Иттилоъ дуруғ баромад. Дар натиҷа мо натавонистем дар маросими садо додани занги нахустин иштирок кунем", - гуфт ӯ.

Дар номаи мазкур ҳамчунин қайд гашта, ки бинои мактабҳои рақами 1, 21, 22, 51, ва 56-и шаҳр ҳам бомгузорӣ шудааст. Раҳбарияти мактабҳо баъди дарёфти хабар зуд талабаҳоро ба берун баровардаанд.

Дар ҳоли ҳозир пулиси Оқтеппа гумонбаронро ҷустуҷӯ дорад.

XS
SM
MD
LG