Ссылки доступа

Ҷангҳо дар Панҷшер. Толибон ақиб ронда шудаанд


Силы антиталибского сопротивления в Панджшере, 31 августа 2021 года
Силы антиталибского сопротивления в Панджшере, 31 августа 2021 года

Шаби душанбе ба сешанбеи 31 август ҳангоми талоши нерӯҳои Толибон барои вуруд ба водии Панҷшер, ба камияш 7 ҷангии онҳо кушта шудаанд. Дар ин бора ду узви баландпояи нерӯҳои зиддитолиб ба хабаргузории Reuters иттилоъ додаанд.

Аз замони суқути Кобул дар рӯзи 15 август, Панҷшер ягона вилоятест, ки ба Толибон таслим нашуд ва зидди онҳо меҷангад, ҳарчанд дар вилояти Бағлони ҳамсояи он низ даргириҳое миёни Толибон ва нирӯҳои маҳаллӣ сар зада буд.

Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Нерӯҳои Муқовимати Миллӣ, ки аз тарафи Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд раҳбарӣ мешавад, гуфт, ки задурхӯрдҳо дар даромадгоҳи ғарбии водӣ сурат гирифта, пас аз он рух додаанд, ки Толибон ба нерӯҳои Масъуд ҳамла кардаанд.

Вай афзуд, ҳамла, ки эҳтимолан барои озмоиши мавқеъҳои дифоии водӣ ба амал омад, бо кушта шудани 8 ҷангии Толибон ва захмӣ гаштани ҳамин теъдоди онҳо ва маҷруҳ шудани ду узви нерӯҳои Панҷшер поён ёфт.

"Шаби гузашта Толибон ба Панҷшер ҳамла карданд, аммо бо 7 кушта ва чанд захмӣ мағлуб шуданд," – навишт дар Твиттер Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, узви ҷунбиши муқовимат ва вазири дифоъ дар ҳукумати президенти фирории Афғонистон Ашраф Ғанӣ.

"Онҳо бо талафоти зиёд ақибнишинӣ карданд."

Сухангӯи Толибон барои шарҳи ин хабар дастрас нашуд.

Масъуд, писари фармондеҳи собиқи муҷоҳидини зидди шӯравӣ Аҳмадшоҳи Масъуд, бо нерӯи чандинҳазорнафарии худ, ки аз шибҳинизомиёни маҳаллӣ ва боқимондаҳои артишу нерӯҳи вижаи Афғонистон таркиб ёфтааст, водии Панҷшерро ба истеҳкоми зидди Толибон табдил додааст.

Вай хостори гуфтушунид бо Толибон шуд, аммо гуфтааст, ки дар сурати ҳамла ба вилояти онҳо дар водии танги кӯҳистон, нерӯҳояш муқовимат хоҳанд кард.

Шумораи зиёди ҷангиёни Толибон ба ин минтақа интиқол дода шуд, аммо ду ҷониб то кунун машғули гуфтушунид буда, аз ҷанг худдорӣ кардаанд.

Рӯзи сешанбе Толибон хуруҷи охирин сарбозони амрикоӣ ва зери назорат гирифтани фурудгоҳи Кобулро ҳамчун поёни ҷанги 20-сола ва қавитар шудани худ назар ба соли 2001 бо тирандозии идона ҷашн гирифтанд.

Дар Вашингтон Ҷо Байден, президенти ИМА гуфт, хуруҷи нерӯҳои кишвараш аз Афғонистон тасмими дуруст буд, ҷун “ин ҷанг наметавонист абадан идома кунад”.

XS
SM
MD
LG