Ссылки доступа

ИМА барои марзбонони тоҷик дар сарҳад бо Афғонистон иншоот сохтанист


Сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе 1 сентябр эълом кард, ки барои марзбонон дар Айвоҷ, дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ва Узбекистон иншооти нав бунёд мекунад.

Дар сафорати Амрико гуфтанд, ки маросими гузоштани санги асоси лоиҳаи мазкур дар аввалҳои соли 2022 дар назар аст.

"Отряди нави сарҳадӣ отряди кӯҳнаи Шаҳритусро иваз мекунад ва ба Хадамоти марзбонӣ имкон медиҳад, ки дар посух ба таҳдидҳо нерӯҳояшро зудтар ба манотиқи наздисарҳадӣ сафарбар кунанд", - омадааст дар иттилоияи сафорат.

Иншоотҳои нав барои марзбонон ва хонаводаҳои онҳо пешбинӣ шудааст.

“Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон дар соҳаи амният ҳамкории зич доранд ва ин лоиҳа боз як намунаи ӯҳдадориҳои муштараки мо ба амният ва соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ мебошад", - гуфтааст Ҷон Марк Поммершайм, сафири ИМА дар Тоҷикистон.

Дар иттилоияи сафорат ҳамчунин омада, ки ҳукумати ИМА аз соли 2012 ба ин сӯ дар бахши амният ба Тоҷикистон беш аз 300 миллион доллар кумак расонида, 12 посгоҳи марзӣ, 9 иншооти гузаргоҳи сарҳадӣ ва се маркази омӯзишии марзбононро таъмир ва навсозӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG