Ссылки доступа

Дар Қазоқистон ба воксиннагирифтаҳо иҷоза намедиҳанд, ба кор раванд


Мақомоти беҳдоштии Қазоқистон бо судури қароре ба коргоҳ рафтани афродеро манъ карданд, ки аз вабои COVID-19 воксин нагирифтаанд.

Ин қарор ба ҳамаи иншооти бахши хидматрасонӣ ва тиҷорӣ дахл дорад. Ин иншоот марказҳои хидматрасонӣ ба аҳолӣ, шуъбаҳои почта ва бонкҳо, муассисаҳои суғурта, нуқтаҳои табодули асъор, ҳаммом, ҳавзҳо, кошонаҳои ҳусн, осорхона, китобхона, театр ва ғайра ҳастанд.

Воксинзанӣ дар Қазоқистон моҳи феврали соли ҷорӣ шуруъ шуда буд. Он замон вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон гуфта буд, ки то моҳи сентябр 10 миллион касаро воксин хоҳанд зад. Аммо воксинзанӣ ба кундӣ пеш меравад. То рӯзи 4 сентябр дар Қазоқистон 5,6 миллион касро воксин задаанд.

Охири моҳи июл мақомоти он кишвар воксинзаниро барои қишри коргари Қазоқистон ҳатмӣ карданд.

XS
SM
MD
LG