Ссылки доступа

Дар Қирғизистон бензин гарон шуд, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ корро қатъ мекунанд (видео)


Водители маршруток в Бишкеке требуют повысить цены на проезд из-за подорожания топлива
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:44 0:00

Иттиҳоди нафтрасонҳои Қирғизистон огоҳ мекунад, ки дар ин кишвар мумкин аст, маводи сӯхт дубора гарон шавад.

Сабаби асосӣ - Русия аз 1 сентябр барои Қирғизистон боҷи гумрукии маводи сӯхт ҷорӣ мекунад.

Дар пасманзари ин хабарҳо ронандагони нақлиёти ҷамъятии Бишкек бори дигар аз зарурати боло бурдани роҳкиро ҳарф мезананд.

Ронандагон аз гаронии қисмҳои эҳтиётӣ ва равғану сӯзишворӣ шикоят доранд.

Аз 80 минибусе, ки дар хати сайри 106 дар шаҳри Бишкек равуо мекарданд, ҳоло 35 мошин боқӣ мондааст.

"Даромад харҷҳоро намепӯшонад. Ба ҳамин хотир фаъолиятро дигар мекунанд ё ба Русия мераванд", - гуфт як ронанда дар шаҳри Бишкек.

Арзиши роҳкиро дар нақлиёти Бишкек 10 сом - тақрибан 12 сент ё муодили 1 сомониву 40 дирам аст. Ҳашт соли охир роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии Бишкек тағйир нахурдааст.

В Кыргызстане подорожали продукты
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:23 0:00


XS
SM
MD
LG