Ссылки доступа

Муносиботи тиҷории Узбекистону Афғонистон дар фурсатҳои наздик барқарор мешавад


Рӯзи 1 сентябр аз Узбекистон ба Афғонистон ду қатораи ҳомили колои тиҷорӣ расид. Дар ин бора Палатаи савдову саноати Афғонистон хабар дод.

Бо ин вуҷуд, маълум нест, ки он коло аз чӣ иборат будааст. Ин нахустин молрасонӣ аз замони ғасби Афғонистон аз сӯи гуруҳи тундрави "Толибон" аст.

Ҳаракати "Толибон" гуфт, баъди эъломи ҳукумати нав, ба Узбекистон дар амри сохтани роҳи оҳан ва хатҳои барқ дар шимоли Афғонистон мусоидат хоҳад кард.

Хабаргузории Pajhwok ​бо такя ба манобеаш дар Палатаи савдову саноати Афғонистон иттилоъ дод, ки дар ҳоли ҳозир байни ду кишвар дар мавриди барқарории тиҷорат гуфтугӯ идома дорад.

Рӯзи 24 августи соли ҷорӣ вазорати энержии Узбекистон гуфт, интиқоли барқро ба Афғонистон идома медиҳад.

XS
SM
MD
LG