Ссылки доступа

Эҳтимоли қатъи барқи 7 ҳазор сокини Қирғизистон


Ширкати "Северэлектро"-и Қирғизистон хабар дод, ки тасмим дорад, рӯзи 6 сентябр неруи барқи бештар аз 7,2 ҳазор муштариро қатъ кунад.

Ба иттилои ин ширкат, шуруъ аз 6 сентябр низоми худкори назорати неруи барқи "Северэлектро" барқи муштариҳоеро қатъ мекунад, ки аз ширкат қарзи калон доранд.

Дар робита ба ин ширкат аз муштариҳо даъват кард, барои пешгирӣ аз қатъшавии барқ қарзро пардозанд.

XS
SM
MD
LG