Ссылки доступа

Қонуни афв дар Тоҷикистон қабул шуд. Киҳо бахшида мешаванд?


Афви зиндониён. Акс аз соли 2019
Афви зиндониён. Акс аз соли 2019

Вакилони порлумони Тоҷикистон рӯзи 6-уми сентябр қонуни нави афвро қабул карданд.

Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии тарҳ дар Маҷлиси намояндагон гуфт, қонун нисбат ба зиёда аз 16 ҳазор кас татбиқ мешавад. "Ҳадафи он ба ҳаёти осоишта баргардондани маҳкумшудаҳо аст", -- афзуд ӯ.

Талбакзода таъкид кард, ки қонуни афв нисбат ба онҳое, ки якумрӣ ҳабс шудаанд, татбиқ нахоҳад шуд. "Шахсоне, ки бо гуноҳи терроризм, баромадан ба зидди сохти конститутсионии кишвар, одамкушӣ ва таҷовуз ба номус маҳкум шудаанд, аз тарҳ баҳравар намешаванд", -- шарҳ дод муовини додситони кулли Тоҷикистон.

Муҳлати татбиқи қонун ду моҳ пешбинӣ шудааст. Дар ҷаласаи ғайринавбатии порлумон гуфта шуд, ки мақомоти шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, афвшудаҳоро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Соли 2019 низ чунин қонуне дар Тоҷикистон қабул шуд, ки ҳудуди 20 ҳазор нафарро дар бар гирифта буд.

XS
SM
MD
LG