Ссылки доступа

Дар Москва ҷасади як узбекистониро бо пораи хишт дар даҳонаш пайдо карданд


Дар шаҳри Москва ҷасади як муҳоҷири узбекистониро пайдо карданд, ки дар даҳонаи пораи хишт дошт. Дар ин бора нашрияи "Известия" иттилоъ медиҳад.

Пулис гуфтааст, ҷасади муҳоҷирро роҳгузарон дар кӯчаи Рябинов дидаанд. Аз ҷайби вай ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият - шаҳрванди Узбекистон соли таваллудаш 1990 пайдо шудааст.

Мақомот ба ҷуз аз пораи хишт, дар ҷасади вай нишонаҳои латту кӯбро ошкор кардаанд.

Кормандони ниҳодҳои тафтишотии Русия таҳқиқи ҳодисаро шуруъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG