Ссылки доступа

Дар порлумони Қирғизистон барканории судяеро талаб карданд, ки гӯш кардани телефони сокинонро иҷоза додааст


Мирлан Жээнчороев, вакили порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 8 сентябр пешниҳод кард, судяи додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек аз мақом барканор карда шавад.

Вай ба пулис иҷозат додааст, телефони даҳҳо шаҳрванд, аз ҷумла сиёсатмадорон, вакилони халқӣ ва фаъолони ҷамъиятиро гӯш кунад.

"Судя Чингизбек Бердимуродов қонунро дағалона вайрон кардааст. Аз ҳамин хотир аз номи порлумон бояд ба Комисияи интизомии назди Шӯрои судяҳо нома ирсол ва барканории судяро талаб кард", - пешниҳод кард Жээнчороев.

Рӯзи 31 августи соли ҷорӣ фаъолони маданӣ хабар доданд, ки судя Чингизбек Бердимуродов ҳанӯз моҳи январи имсол ба гӯш кардани гуфтугӯҳои телефонии наздики 100 шаҳрванд иҷоза додааст. Вай парвандаҳои марбут ба ҳодисоти моҳи октябри соли 2020-ро асос қарор додааст. Дар додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек гуфтанд, "судя қарори қонунӣ, асоснок ва мунсифона қабул кардааст".

Дар вазорати корҳои дохилии Бишкек гуфтанд, гӯш кардани тамосҳои телефонӣ аз 6 то 10 феврали соли 2021 идома кардааст.

Аммо фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди қонунӣ будани ин қарор шубҳа доранд, зеро ин қарор дар марҳилаи интихоботи президентӣ қабул ва танҳо телефони номзадҳо ба мақоми президентӣ, ба ҷуз аз президенти кунунии он кишвар Содир Ҷабборов гӯш карда шудааст.

XS
SM
MD
LG