Ссылки доступа

Дар Ишқобод сокинонро аз коҳиши маҳсулоти арзон огоҳ карданд


Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон баъди танаффуси 20-рӯзӣ ба сокинон бархе аз маҳсулоти ғизоии арзонро дастрас карданд.

Ҳамзамон мақомоти он кишвар сокинонро огоҳ кардаанд, маҳсулоти арзони ғизоӣ, ки ҳар 10 рӯз пешниҳод карда мешуд, акнун моҳи оянда дастрас мешавад.

Як сокини Ишқобод гуфт, ки сарфи назар аз теъдоди аъзои хонавода, ба ҳар оила як литр равған, як кило шакар ва як мурғ фурӯхтанд.

"Барои ин маҳсулот сокинон 65 манат пардохтанд. Маълум буд, ки мурғҳоро пеш аз ба яхдон мондан, дарунашонро об пур кардаанд. Ҳар кадом мурғ дар ҳудуди 250 грам вазн дошт", - гуфт шоҳиди ҳодиса.

Як сокини дигари Ишқобод гуфт, рӯзи 7 сентябр дар бозорҳои он шаҳр як литр равған 65 манат, як кило шакар 23 манат ва як мурғ 75 манат арзиш дошт.

Масъулони мағозаҳои давлатии Туркманистон гуфтаанд, ки аз ин ба баъд маҳсулоти арзони ғизоӣ моҳе як маротиба пешкаши сокинон мешавад.

XS
SM
MD
LG