Ссылки доступа

Бештар аз 40 расонаи Русия иқдоми "Агентҳои хориҷӣ нестанд, журналистҳо ҳастанд"-ро роҳандозӣ карданд


Дар Рӯзи байналхалқии ҳамраъйии рӯзноманигорон - 8 сентябр бештар аз 40 расонаи Русия иқдоми ҳимоят аз расонаҳо ва рӯзноманигоронеро роҳандозӣ карданд, ки шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ шудаанд".

Дар иқдом расонаҳое амсоли "Дождь", The Bell, "Медиазона", Republic, "Новая газета", "Бумага", "Тайга.инфо", "Важные истории", Doxa, "7×7", "ОВД-Инфо", The Village, "Медуза", "Псковская губерния", "Черновик", OCCRP ва ғайра ширкат карданд.

Ширкатдорон дар саҳифаҳои асосии худ шиори "Агентҳои хориҷӣ нестанд, рӯзноманигорон ҳастанд" ва инчунин ҷумлаи "Маводи мазкур тавассути расонае таҳия ва паҳн шудааст, ки амали расонаро иҷро мекунад"-ро нашр карданд.

Расонаҳо аз корбарон даъват карданд, ки дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҷумларо нашр кунанд.

Дар рӯйхати расонаҳои "агентҳои хориҷӣ" 18 расона, 25 рӯзноманигор ва чаҳор шахси ҳуқуқӣ шомил шудаанд. Танҳо аз моҳи апрел то ин замон 30 номгӯ дар рӯйхат афзудааст.

Пештар аз ин расонаҳои Русия, амсоли "Дождь", "Новая газета", "Эхо Москва", Znak.com ва ТВ2 бо номае бозе ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат карда, хостори бекор кардани рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" ва тағйири қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ" шуданд.

XS
SM
MD
LG