Ссылки доступа

Дар шаҳри Нурсултон ба дархости волидон дар бораи рухсати ҳиҷобпӯшӣ дар мактабҳо посух доданд


Ҳиҷобпӯшӣ дар мактабҳои давлативу хусусии Қазоқистон хилофи қонун аст. Дар ин бора Ержан Нукежанов, раиси кумитаи дини вазорати иттилоот ва рушди ҷомеаи Қазоқистон рӯзи сешанбе хабар дод.

Ахиран як гуруҳи волидони хонандагон аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев хостанд, ба духтарон иҷозат шавад, ки дар мактаб ҳиҷоб пӯшанд. Ба навиштаи расонаҳои Қазоқистон, ҳудуди 1640 кас аз саросари Қазоқистон зери номаи боз унвонии президент имзо гузоштаанд.

Ержан Нукежанов дар посух ба номаи волидон бо такя ба фармони вазорати маориф ва илми кишвараш аз 14 январи соли 2016 гуфтааст, ки дар Қазоқистон либоси ягонаи мактабӣ амал мекунад.

Дар Қазоқистон чанд сол пеш маъракаи зидди пӯшидани ҳиҷоб роҳандозӣ шуд. Мақомоти он кишвар гуфтанд, манъи ҳиҷоб дар мактбаҳо барои мубориза бо тундгароӣ зарур аст.

XS
SM
MD
LG