Ссылки доступа

Тоқаев: ба Қазоқистон овардани қазоқтаборони Афғонистон баррасӣ мешавад


Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 8 сентябр гуфт, масъалаи баргардонии қазоқтаборони Афғонистон ба Қазоқистон баррасӣ мешавад.

"Ҳоло мо баргардонии қазоқтаборони Афғонистонро ба Қазоқистон баррасӣ дорем. Бо назардошти принсипҳои башардӯстона мо визаҳои 57 донишҷӯи афғонистониро тамдид кардем", - гуфт Тоқаев.

Баъди ғасби Афғонистон аз сӯи толибон, бисёре аз қазоқтаборони он кишвар аз Тоқаев хостанд, ки барои кӯчидани онҳо ба Қазоқистон мусоидат кунад. Ибтидои ҳафтаи ҷорӣ гуруҳе аз қазоқтаборон пушти дари консулгарии Қазоқистон дар шаҳри Кобул ҷамъ шуда, дархости кӯчидан ба Қазоқистонро карданд.

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфт, дар Афғонистон ҳудуди 200 тан қазоқтаборон зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG