Ссылки доступа

Ба навзоде дар Душанбе Масъуд ном ниҳоданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ва писарашро бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад?


Аҳмадшоҳи Масъуд
Аҳмадшоҳи Масъуд

Навзодеро дар Душанбе ба ифтихори қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш, Масъуд ном гузоштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд солҳо ба зидди Шӯравӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Афғонистон ҷангида, 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби афроди “Ал-Қоида” кушта шуд.

Номгузории охир дар шабу рӯзе, ки ҷомеаи Тоҷикистон чашм ба сӯйи Афғонистон ва бахусус дараи Панҷшер дӯхтааст, рамзӣ ба назар мерасад. Дар онҷо Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, бо ташкили Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо “Толибон” дар ҳоли ҷанг аст.

Мавзуна Ҳайдарова рӯзи 7-уми сентябр дар бемористони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе тифлашро ба дунё овард. "Писари мо дар замоне таваллуд шуд, ки тамоми кишвар аз ҳодисаҳои Афғонистону Аҳмад Масъуд мегӯяд. Бо умеди оромӣ ва хатми ҷангу куштор дар Афғонистон ва пирӯзии Масъуд ин номро интихоб кардем”, -- гуфт ӯ рӯзи 9-уми сентябр.

Аҳмад Масъуд, ки аз қатли падараш 20 сол гузашт, ба нақли ҷонибдоронаш ҳоло дар дараи Панҷшер аст. Вай пештар гуфта буд, то охир дар муқобили гуруҳи “Толибон” хоҳад истод.

“Толибон” рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва Ҷабҳаи муқовимат бо раҳбарии Аҳмад Масъуд ба онҳо таслим нашуд. Гуруҳ рӯзи 6-уми сентябр аз ишғоли Панҷшер гуфт, вале Ҷабҳаи муқовимати миллӣ намепазирад.

Шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон пур аз шиорҳои ҷонибдорӣ аз Аҳмад Масъуд аст ва зоҳиран ҳар хабари марбут ба ӯ мӯшикофона пайгирӣ мешавад.

Албатта, Аҳмад Масъудро бештар бо номи падараш мешиносанд, ки дар сатҳи болотарини ҳукумати Тоҷикистон низ аз ӯ қадр мекунанд. Рӯзи 2-юми сентябр ба Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллӣ ва Бурҳониддин Раббонӣ, раиси ҷумҳури пешини Афғонистон ордени Исмоили Сомонӣ дод, ки яке аз нишонҳои ифтихорӣ дар Тоҷикистон аст.

Сайид Раҳмон, муаллифи романи “Масъуди сипаҳсолор”, мегӯяд, маҳбубияти Аҳмадшоҳи Масъуд замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бештар шуд. Вай он замон дар ҳукумати Бурҳониддин Раббонӣ мақом дошт ва мухолифони тоҷик ба ҳудудҳои таҳти назорати ӯ паноҳ бурда буданд.

Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки маҳз Масъуд ва Раббонӣ ду ҷониби даргир дар Тоҷикистонро сари мизи музокирот шинонданд ва роҳи сулҳ дар кишвари ҳамсояашонро ҳамвор карданд.

“Мардум ҳамеша дар ҷустуҷӯи як идеал аст. Дар симои ӯ, дар суҳбатҳои ӯ идеали худро ёфтанд. На танҳо тоҷикон, ҳатто хориҷиҳо ҳам пас аз шунидани суҳбатҳоаш ӯро дӯст доштанд. Русе, ки ӯ ба асорат гирифта буд, душманаш буд, вале ба муҳофизи ӯ табдил ёфт ва Масъудро дӯст дошт”, -- гуфт Сайид Раҳмон.

Масъудро бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад?
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:00 0:00

Аҳмадшоҳи Масъуд низ ба Тоҷикистон пайвандии зиёд дошт. Замоне ки аксари хоки Афғонистон дар охири солҳои 90-уми асри гузашта таҳти назорати “Толибон” қарор дошт, хонаводаи ӯ дар Тоҷикистон қарор дошт. Ба қисматҳои шимоли Афғонистон низ аз хоки Тоҷикистон молу маҳсулот ворид мешуд. Замоне ки ӯ дар Хоҷа Баҳовуддини вилояти Тахор террор шуд, ӯро ба Тоҷикистон оварданд, то наҷот диҳанд, вале дар роҳ ҷон дод.

Ҳукумати Афғонистон соли 2001 ба ӯ унвони Қаҳрамони миллӣ дод. Дар дохили Афғонистон ҷонибдорон ва мухолифони зиёд дорад. Мухолифонаш ӯро барои ҳамла ба Кобул муттаҳам медонанд, вале тарафдоронаш аз ӯ ба унвони марди озодбахш ёд меоранд.

Аҳмадшоҳи Масъуд дар солҳои 1980 замоне шинохта шуд, ки дар баробари артиши Шӯравӣ муқовиматро оғоз кард. Шӯравӣ соли 1989 аз Афғонистон хориҷ шуд ва аксаран як сабаби шикасти Шӯравиро дар муборизаҳои Аҳмадшоҳи Масъуд медонанд.

Сайидкарим Шокиров, сарбози собиқи артиши Шӯравӣ дар Афғонистон мегӯяд, дар миёни сарбозон ӯ “душмане буд, ки эътибори хос дошт.” Ба гуфтаи ӯ, вақте Масъуд сарбозони Шӯравиро асир гирифт ва озор надоду бархеро раҳо кард, ин рафтораш миёни аскарони сурх ба гунаи хуб қабул шуд.

“Дар ҷанг қоидаҳои ҷангиро риоя мекард. Сарбозони Шӯравӣ пинҳонӣ ӯро барои рафтори хубаш бо асирон ситоиш мекарданд. Яъне, ҳамчун шахсе, ки ба асирон меҳрубонӣ мекунад, машҳур шуд ва мо пинҳонӣ ба ӯ эҳтиром пайдо кардем”, -- нақл кард ӯ.

Шокиров мегӯяд, баъдан замоне ки филмҳо дар бораи кору рафтори Масъуд оммавӣ шуд, маҳбубияти ӯ дар Тоҷикистон бештар шуд. Вай бар ин назар аст, ки маҳз ба хотири падараш Аҳмад Масъудро низ дар Тоҷикистон дӯст медоранд.

Аҳмадшоҳи Масъуд агар зинда мебуд, 2-юми сентябри имсол 68-сола мешуд. Ӯ соли 1953 дар Панҷшер ба дунё омадааст. Маконе, ки ҳоло ба рамзи муқовимат алайҳи “Толибон” табдил ёфтааст ва дар саргаҳи он писараш, Аҳмад Масъуд, қарор дорад. ​

XS
SM
MD
LG