Ссылки доступа

Дар Қирғизистон сохтани шиносномаҳои қалбакии кишварҳои Аврупоро ошкор карданд


Рӯзи 13 сентябр вазорати корҳои дохилии Қирғизистон хабар дод, як гуруҳеро ошкор кардааст, ки ба ирсоли ғайриқонунии шаҳрвандони Қирғизистон ба кишварҳои Аврупо ва ИМА машғул буд.

Ба иттилои вазорат, дар моҳи декабри соли 2020 яке аз оҷонсҳои хусусии шуғлёбӣ бо тақаллубсозии шиносномаҳои кишварҳои Аврупо машғул шудааст.

Шаҳрвандони Қирғизистон бо шиносномаҳои тақаллубӣ дар Украина боздошт ва ба Қирғизистон бозгардонида шуданд. Аз рӯи ин ҳодиса шаҳрванди Қирғизистон Ж.У. боздошт шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот шиносномаҳои тақаллубии Булғористон, Фаронса, Ҳолланд, Испания ва Юнон мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG